Бахшҳо

Зоиров: ҲСДТ тағйирот ба Сарқонунро намепазирад

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) бо пахши як изҳорот тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишварро напазируфта, эълон кардааст, аз фиристодани аъзояш ба ҳайати комиссия оид ба омодагӣ ва баргузории ҳамапурсӣ худдорӣ варзида, дар кори он иштирок намекунад.

Дар ин изҳорот, ки бо имзои Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мақомоти давлатӣ дархост мешавад, комиссияҳо оид ба ташкил ва баргузории ҳамапурсиро бидуни аъзои ҲСДТ таъсис диҳанд.

Раҳматулло Зоиров гуфтааст, бо вуҷуди ин ки Сарқонуни Тоҷикистон соли 1994 дар як шароити давомдори ҷанги шаҳрвандӣ пазируфта шуд, тағйиру иловаҳои ворида дар солҳои 1999 ва 2003 ба он, моҳиятан зарфиятҳои демократиро коҳиш дод. “Тағйиру иловаҳои ҳозир низ бо тамоми пайомадҳои баъдияшон зарфиятҳои демократиро бештар коҳиш медиҳанд”,- омадааст дар изҳорот.

Раиси ҲСДТ аз шеваи баргузории ҳамапурсӣ интиқод намуда, гуфтааст, “бар асоси қарори раиси Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргаҳои раъй танҳо як суол: “Оё шумо тағйиру иловаҳои ворида ба Сарқонунро мепазиред?”, пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳоле ки лоиҳаи тағйиру иловаҳои ворида ба Қонуни асосии амалкунандаи кишвар, ки аз ҷониби ҳар ду палалати парлумон омода гардидааст, аз 41 банд иборат мебошад. Ин дараҷаи баланди ғайридемократӣ буда, иштибоҳоти қаблан содиршударо такрор кардан аст”.

Дар изҳороти ҲСДТ бо ёдоварӣ аз побанд будани ҳизб ба адолати иҷтимоӣ зикр мешавад, ки ин ҳизб дар соли 2003 ҳам мухолифи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ ва бештар тартиби раъйдиҳӣ, ки мисли имрӯз ба тамоми тағйироти ворида як суол: “оё шумо тағйиру иловаҳои ворида ба Сарқонунро мепазиред?”, дошт, буд: “Дар марҳилаи ҳозир, бо таваҷҷуҳ ба ин ки тамоми пешниҳодти ҲСДТ аз ҷониби давлат рад карда мешаванд ва роҳбарияти он бештар аз 10 сол аст, ки ба ҳеч гуна чорабиниҳои умумидавлатӣ ва ҳукуматӣ даъват намешаванд, ҳуқуқ ва раъйи интихобкунандаҳои ҲСДТ дар интихоботҳо нақз ва таҳриф мешаванд, аъзои ҲСДТ-ро дар мақомот ва ташкилоти давлатӣ ба кор намегиранд ва намояндаҳои ҲСДТ аз замони таъсиси ҳизб на дар Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсӣ ва комиссияҳои дигар нестанд, изҳор медорам, ки ҲСДТ дар кори комиссия оид ба омодагӣ ва баргузории ҳамапурсӣ иштирок намекунад ва аъзои худро ба ҳайати ин комиссия шомил намесозад. Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мақомоти маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунам, комиссияи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии 22 майро бидуни аъзои ҲСДТ таъсис диҳанд”.

22 январи соли 2016 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Сарқонунро ҷонибдорӣ намуда, онро ба додгоҳи Қонуни асосӣ фиристод. Додгоҳи Қонуни асосӣ тағйироти пешниҳодкардаи парлумонро ҷонибдорӣ карда, афзуд, тағйироте, ки ба моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, хилофи меъёрҳои Сарқонун нестанд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санаи баргузории ҳамапурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро дар ҷаласаи рӯзи 10 феврали худ -- 22 майи соли 2016 таъин кард.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи 10 феврал изҳори боварӣ кард, мардуми кишвар дар рӯзи таъиншуда ба ҷонибдорӣ аз ин тағйирот раъй хоҳанд дод, чун ин тағйирот санҷидашуда мебошанд ва ба ҳимояти ҳуқуқҳои шаҳрвандон равона гардидаанд.

Тибқи тағйироти пешниҳодшуда, мафҳуми Сарқонун аз номи Конситутсия гирифта хоҳад шуд, чун ба гуфтаи муаллифон калимаи Конститутсия моҳияти ин санадро комилан ифода мекунад. Ҳамчунин пешвои миллат аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадиаш ба президентӣ бархӯрдор хоҳад шуд: “Муқаррароти конститутсия, ки як нафар ҳамагӣ ду бор ҳаққи пайдарҳам президентшавиро дорад, ба Пешвои Миллат дахл нахоҳад дошт”.

Дар баробари ин, синни номзадҳо ба президентӣ аз 35 соли феълӣ ба 30 сол поин оварда мешавад ва мавҷудияти ҳизби хусусияти динидошта дар Тоҷикистон ва маблағгузории аҳзоби сиёсӣ аз хориҷи кишвар мамнӯъ мегардад.
Мӯҳр
Саломун алайкум
мудирияти сойти Озодагон лутфан дар навишторатон таҷдиди назар кунед, чун дар як саҳифае ки шумо навиштед хело иштибоҳоти тойпи ва имлои вуҷуд дорад, шумо як сойти хабарие ҳастед ки аз тамоми кишварҳо матолиби шуморо мутолиа мекунанд, агар имлои шумо иштибоҳ дошта бошад ба бе саводии миллати Тоҷик механданд лутфан ҳадиақал баъд аз навиштан як бор матолибатонро худатон бихонед баъд матолибро дар сойт боргузори кунед.
умедворам гуфтаҳои ман шуморо нороҳат накарда бошад ва ба умеди рузҳои хуби мардуми ТОҶИК.

Расул
Рахматилло Зоиров пешравии Точикро намехохад. Барои хамин аз хамаи чорабинихо ки ба пешрафти кишвар нигаронида шудаанд худро акиб мекашад. Бе шумо хам мо пеш меравем

рох ба суи маърифат
Мо бо шумоем Шукурчон Зухуров

Мо бо шумоем Шукурчон Зухуров

амр
Расул,
Бародар ин таъгирот умуман нодуруст буда, ба асоси давлатдории мо табар мезанад. Агар пай бурда тавони, мо хукуки интихоб дорем. Интихоби на як кас паи хам, балки интихоби як нафар аз чанд каси дигар. Ин хукукро аз ману ту дуздидааст. Идеяи нав ва куввати нав ба лозим аст, на таъгирот ба сарконун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)