Ҳукми муттаҳам дар қатли Қувватов 26 феврал эълон мешавад
Додгоҳи шаҳри Истанбули Туркия санаи эълони ҳукми Сулаймон Қаюмов, муттаҳам дар марги Умаралӣ Қувватов, бунёдгузори “Гуруҳи 24”-ро 26 феврал таъин кардааст. Дар ин бора расонаҳои наздик ба Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Қаблан додситонии Туркия аз додгоҳ хоста буд, то Сулаймон Қаюмов, муттаҳами асосӣ дар қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гуруҳи 24”-ро ба ҳабси абад дар зиндони низомаш шадид маҳкум кунад.
Сулаймон Қаюмов, ки ӯро сокини ноҳияи Восеи Тоҷикистон медонанду се моҳ қабл аз қатли Қувватов ба “Гуруҳи 24” пайвастааст, тибқи иттилои расонаҳои Туркия, Қувватовро ҳамроҳ бо зану фарзандонаш шоми 5 марти соли гузашта ба меҳмонӣ даъват карда, заҳролуд кардааст: “Баъди истеъмоли ғизо Қувватов бо наздикон худро нороҳат эҳсос карда, ба хиёбон мебароянд, то беморхона раванд, вале ҳангоми ба берун баромадан нафаре аз пушт ба сараш бо таппонча шиллик мекунад”.
Баъдан, расонаҳои туркӣ иттилоъ доданд, нафаре, ки ба сари Қувватов тир холӣ кардааст, тоҷик будааст, чун чанд калима бо забони тоҷикӣ гуфтааст. Наздикони Умаралӣ Қувватов гуфтаанд, Қаюмов ҳангоми хӯроки шом бисёр шубҳаовар рафтор мекард ва бо тахмини зиёд заҳрро ба ғизо омехта кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |