Тасмими марди 71-сола барои шомил шудан ба донишгоҳ
Закарё Сабоҳиддин Туйсӯз, як сокини 71-солаи Туркия барои шомил шудан ба донишгоҳ омодагӣ мебинад.
Бино ба иттилои расонаҳои туркӣ, Сабоҳиддин мехоҳад ба факултаи диншиносӣ дохил шавад. Ӯ тамоми умр дар як завод заҳмат кашидааст, то рӯзгори хонаводаи серфарзандашро таъмин намояд. Танҳо дар соли 2001 ба дарёфти маълумоти миёна муваффақ шудааст. Акнун ҳадафаш гирифтани маълумоти олист. “Ман тамоми умр мехостам дониш омӯзам, мехостам дар бахши имом таҳсил бигирам. Ҳоло аз он ки дар баробари ҷавонон таҳсил мекунам, шарм намедорам. Баръакс, бояд барои онҳо намуна бошам, ки ҳар нафар барои донишандӯзӣ сайъ кунад ва барои расидан ба орзӯяш талош варзад”,–гуфтааст ин довталаби 71-сола.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |