Сипоси Э.Раҳмон аз Десмонд Свейн барои дастгирии CASA-1000 ва ихтисоси 37 миллион доллар
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Десмонд Свейн, вазири давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир аз сатҳи ҳамкориҳо бо ин кишвар изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот, ки имрӯз, 17 феврал баргузор шуд, аз Британияи Кабир ҷиҳати дастгирӣ аз татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва ҷудо намудани 37 миллион доллар барои ин тарҳ изҳори сипос намудааст.
Манбаъ мегӯяд, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи кишоварзию обёрӣ, бахши хусусӣ, рушди иқтисоди деҳот, диверсификатсияи иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои парлумонӣ, ташкили барномаҳои омӯзишию теъдоди муайяни ҷойҳои таълимии яксола дар донишгоҳҳои Британия аз мавзӯъҳои баррасишудаи Эмомалӣ Раҳмон ва Десмонд Свейн буданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар вохӯрӣ аз таъсири бӯҳрони молӣ-иқтисодии ҷаҳон, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъмини амнияти субот дар минтақа ва роҳҳои дарёфти ҳалли мушкилоти нооромиҳо дар Афғонистон ҳам суҳбат шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |