Даъвати андозгурезон аз зиндон: Андозро саривақт супоред!
Мақомоти андози Тоҷикистон тариқи шабакаҳои давлатии телевизион андозгурезҳои зиндониро нишон дода, аз оқибати саркашӣ аз пардохти пули давлат ҳушдор доданд.
Дар намоиши телевизионӣ, ки шоми 16 феврал пахш гардид, маҳкумшудаҳо барои ҷиноятҳои молиётӣ, аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намуданд, ки андозро пинҳон накунанд ва саривақт пардохт намоянд. “Ҳар касе андозро насупорад, ҷояш ин ҷост”-таъкид карданд бархе аз маҳбусон.
Шеваи нави даъват барои супоридани андоз дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки коршиносон иҷрои буҷаи давлатии имсоларо, ки нисбати пешӣ 3 миллиард сомонӣ бештар мебошад, дар шароити буҳронӣ мушкилзо арзёбӣ мекунанд.
Аммо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавриди иҷрои буҷаи соли равон изҳор дошт, ки хушбин аст. Ӯ гуфт, дар аввали ҳар сол буҷаи давлатӣ вазнин арзёбӣ мешавад, аммо дар пайи чорабиниҳои масъулини андоз нақшаи буҷа барзиёд иҷро мегардад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи андоз соли 2015 нақшаи даромади андозро 101,3 фоиз таъмин кардаанд ва талош мекунанд, ки соли равон низ нақшаро барзиёд иҷро кунанд: "Мо худ камбудиҳо дорем. Бисёр имкониятҳое ҳастанд, ки истифода набурдаем. Муҳим давлат тинҷ бошад, буҷаро иҷро мекунем. Дар ин хусус хушбинем".
Қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар пасманзари иҷро накардани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлат дар соли 2015 изҳор дошт, ки вазъ дар соли 2016 метавонад бадтар шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |