Се шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи марзбонҳои қирғиз боздошт шудаанд
Кумитаи давлатии марзбонии Қирғизистон аз боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, шаҳрвандони Тоҷикистон 16 феврал дар минтақаи Максати ноҳияи Лайлак дастгир шуда, бо худ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоштаанд.
Кумитаи давлатии марзбонони Қирғизистон гуфтааст, боздоштшудаҳо барои кор вориди хоки ин кишвар шудаанд. Онҳо ҷарима шуда, ба Тоҷикистон интиқол ёфтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |