Human Rights Watch ва Norwegian Helsinki Committee хостори раҳоии маҳбусони сиёсии Тоҷикистон шудаанд
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж (Norwegian Helsinki Committee) аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, тамоми маҳбусони сиёсиро раҳо кунад.
Ин ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар гузорише, ки 17 феврал нашр гардид, гуфтаанд, “моҳи сентябри соли сипаришуда бо баста шудани Ҳизби наҳзати исломӣ вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бадтар гардид”.
Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж гуфтаанд, “ҳукумати Тоҷикистон аъзои мухолифини сиёсии сулҳомезро ҳабсу боздошт ва шиканҷа мекунанд. Ҳукумат ҳамчунин мунтақидонашро дар хориҷ таъқиб карда, дар пайи боздошти истирдоди онҳо ба Тоҷикистон аст ва мунтақидонашро дар хориҷ иҷборан мерабояд ва онҳо танҳо баъдан дар зиндони Тоҷикистон пайдо мешаванд”.
Гузоришгарон гуфтаанд, мақомоти Тоҷикистон вакилони мудофеъ, журналистон ва шаҳрвандони оддиеро ҳам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба раисиҷумҳур матлабҳои интиқодӣ нашр мекунанд, ҳадаф қарор додааст.
Стив Свердлов, пажуҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch гуфтааст, “буҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳамарӯза густариш меёбад, вале вокуниши Вошингтон, Брюссел ва дигар шарикони байналмилалии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ нокофист”.
Ин ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон боздошти аъзои узви ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломиро сиёсӣ хонда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, “нафаронеро, ки бо ангезаҳои сиёсӣ зиндон шудаанд, фавран ва бидуни қайду шарт озод кунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |