Мулоқоти ин ҳайати олмонӣ имрўз 2 – юми ноябр бо раисони кумитаҳои МН- Маҳмадалӣ Ватанов, Марҳабо Ҷабборова ва раиси Комиссияи ин мақоми олии қонунгузор Азизмат Имомов баргузор гардид.Тавре Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо кумита ва комиссияҳои Бундестаги Олмон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Зимни нишаст таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагон дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон қонун ва санадҳои дорои аҳамияти байналмилалидоштаро таҳия ва қабул кардааст, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди истиқболи ҳамаҷониба қарор гирифтааст.
Манбаъ афзуд, вакилони МН дар мулоқот хотирнишон карданд, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои роҳ надодан ба поймол кардани ҳуқуқи башар дар кишвар тадбирҳои вижаеро рўи даст гирифтааст, ки бар асоси ин тадобир, ҳифзи ҳуқуқи башар дар мамлакат таъмин мешавад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |