Дар пасманзари хабарҳо дар мавриди "мансабфурӯшиҳо" дар Хадамоти гумрук, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, назорати тағйирот ва ҷобаҷогузории кадрҳоро дар ин ниҳод пурзӯр кардааст.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 15 феврал тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрукро тасвиб намуд, ки тибқи он роҳбарияти Хадамоти гумрук масъул шудааст, хавфҳои коррупсиониро муайян ва ҷилавгирӣ кунад.
Тоҳир Ҷобирзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни баррасии масъала изҳор дошт, бар асоси қисми 1-и моддаи 492-и Кодекси гумрук роҳбарони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бо ризоияти Президент таъин мешаванд.
Назорати таъини роҳбарони раёсатҳои минтақавӣ дар ҳоле ба салоҳияти раисиҷумҳур ворид шуд, ки қаблан расонаҳо дар бораи ифшои мансабфурӯшӣ дар ин ниҳод хабар дода буданд.
Бар илова, ахиран Эмомалӣ Раҳмон қарори ҳукуматро имзо намуд, ки бар асоси он дар Хадамоти гумрук, ду сохтор - раёсати амнияти дохилӣ ва шӯъбаи навбатдории оперативӣ таъсис ёфтанд. Дар акс: Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон
Мӯҳр