Вокуниши Раёсати ҷавонони Суғд: Бо “каблук” машқ намекунем (АКС)
Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд мегӯяд, машқҳо барои омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд бо пойафзоли пошнабаланд анҷом намешавад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон чанд рӯз қабл гуфт, баргузор кардани “маршировка”-ҳо дар “Қасри варзиш” сабаби корношоям шудани фарши он мегардад. Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, ҳамагӣ се моҳ қабл фаршҳои маҷмааи варзишии “Қасри варзиш” нав карда шуд, аммо “ҳоло онҷо барои омодагӣ ба ҷашни Наврӯз “маршировка” гузашта истодааст. То Наврӯз якуним моҳи дигар боқӣ мондааст. Садҳо нафар вориди маҷмаа шуда, бо попушиҳои ғайриварзишӣ мепаранду меҷаҳанд, ки дар охир сабаби корношоям шудани фаршҳо мегардад”.
Федератсияи футбол дар идома суол гузошта буд, ки “Ҳукумати Суғд, шаҳрдори Хуҷанд ба куҷо менигаранд? Наход дар як шаҳри калон ҷойе барои гузаронидани "маршировка" пайдо нашавад?”
Аммо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар як вокуниш ба ин матлаб гуфтааст, барои корношоям нагардидани фарши “Қасри варзиш”, ки арзишаш гарон мебошад машқҳо на бо пойафзоли пошнабаланд (каблук), балки бо пойафзоли сабуки варзишӣ сурат мегирад: “Барои аз фарсудашавӣ нигоҳ доштани фарш комиссияи махсус ташкил гардидааст, ки он ҳама рӯза зери назорати ҷиддӣ қарор мегирад ва фарш ҳам дар ҳолати хуб боқӣ мемонад. Гуфтан ба маврид аст, ки барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани таҷҳизот аз ҷумла, фарши “Қасри варзиш” масъулин эҳтиёткориро ба роҳ мондаанд”.
Ин ниҳод чанд аксе ҳам дар ихтиёри "Озодагон" гузошт, ки пешниҳоди хонанда мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |