4 соли ҳабси Мария аз Душанбе барои фиребу ғорати мардҳо

Додгоҳи ноҳияи Левобережнии шаҳри Липетск, Мария Донетскова, зодаи 28-солаи Тоҷикистонро дар қаллобӣ, фиреб ва ғорати мардҳои шиносаш гунаҳкор дониста, ба 4 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум кардааст.
Тибқи иттилоияи додситонии вилояти Липетcк, Мария, зодаи шаҳри Душанбе буда, дар шаҳри Липетск дасти кам 5 мардро фиреб додаст: “Маҳкумшуда ба боварии мардҳо даромада, амволи 5 марди шиносашро ба маблағи 66 ҳазор рубли русӣ дуздидаст”.
Додситонӣ мегӯяд, айбдоршаванда гуноҳашро пурра иқрор кардааст, аммо додгоҳ бо назардошти аъмоли гузашта, ӯро ба 4 соли зиндон маҳкум намудааст. Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, Донетскова қаблан муҳаррири маҷаллаи занонаи Тамбов буда, дар ин вилоят низ ба қонуншиканиҳо даст задааст. Аз ҷумла аз як соҳибкор дар вилояти Тамбов беш аз 300 ҳазор рубл гирифта, барнагардондаст ва соли 2015 додгоҳ ӯро дар қаллобӣ ва дуздӣ гунаҳкор хонда, шартан ба 2,5 соли зиндон маҳкум кардааст: "Аммо маҳкумшуда бо сӯиистифода аз ҷазои шартӣ дар озодӣ боз даст ба фиреби мардҳо задааст ва ин дафъа барои чор сол равонаи зиндон шудаст".
Расонаҳои русӣ бо такя ба иттилоияи додситонӣ, ки Мария Донетсковаро зодаи шаҳри Душанбе муаррифӣ кардааст, хабар пахш намуда, навиштаанд, "як тоҷикдухтар дар Липетску Тамбов мардҳоро фиреб ва ғорат мекардааст".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |