Тӯй дар беморхонаи касалиҳои руҳии вилояти Суғд
Мақомоти умури дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд, аз иқдоми Абдусабур Мадалиев, сокини шаҳри Исфара тавсиф мекунанд, ки зиёфат ба муносибати хатнатӯйи набераашро дар беморхонаи касалиҳои руҳии вилоят гузарондааст.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Мадалиев бо 25 кило биринҷ ба муносибати хатнатӯйи наберааш ош пухта, деги ошро бо дигар шириниҳо ба беморхонаи касалиҳои рӯҳии вилоятӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лаккон бурдаст.
Манбаъ бо зикри шодию нишоти табобатгирандагони беморхона, ин усули ғайримаъмулии хатнасурро, ки нахустин бор дар вилоят сурат гирифт, беҳтарин роҳи хайру садақа ва намунаи олии саховатмандӣ хонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |