Иттифоқи истеъмолкунандаҳо: Ҳар дуюмин нафар дар Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надорад

Иттифоқи истеъмолкунандаҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ҳар дуюмин сокини Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надорад.
Илҳом Абидов, раҳбари иҷроияи ин иттифоқ имрӯз, 16 феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, феълан танҳо 53 дарсади аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ таъминанду бас. Ин рақам дар шаҳрҳо ба 90 дарсад мерасад: “Дар маҷмӯъ, ҳар дуюмин фард дар кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надорад”.
Нишасти хабарии мазкур зери унвони “Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва ҳолати санитарӣ дар Тоҷикистон” бо ибтикори Иттифоқи истеъмолкунандаҳо ва Анҷумани миллии расонаҳои Тоҷикистон созмон ёфта дар он намояндаҳои Вазорати энергетика ва захираҳои об, КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок доранд.
Имомиддин Искандаров, намояндаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар посух ба саволи хабарнигорон дар мавриди боло рафтани арзиши хизматрасонии об гуфт, аз афзоиши нарх корхона манфиат намебинад. Ба қавли ӯ, чун фаъолияти “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” аз ҳисоби сармоя аст ва бештари ин маблағҳо қарз мебошгад, барои пӯшондани қарзҳо маҷбуранд, арзиши хизматрасониро боло баранд: “Вақте арзиши хизматрасонии барқ боло меравад, мо ҳам маҷбурем барои пӯшондани харҷҳо тарифҳоро қимат намоем. Аз ин мо ягон фоидае намебинем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |