Раддабандии ҳарбӣ: Тоҷикистон аз Туркманистон зӯртару аз Узбакистону Қирғизистон заифтар!?
Пойгоҳи таҳлилии ҳарбии “Global Firepower” тавоноии ҳарбии 126 кишвари дунёро дар соли 2016 раддабандӣ карда, Тоҷикистонро чун соли пешӣ дар ҷойи 81-ум қарор додаст.
Ба ҳисоби ин пойгоҳ, нерӯмандтарин артишро дар минтақаи Осиёи Марказӣ Узбакистон дорад, ки бо 420 танк, 715 зиреҳпӯш, 69 ҳавопаймои ҷангандаи раҳгир, 89 ҳавопаймои ҳамлавар (штурмовик) чун пештара дар ҷойи 54-ум қарор гирифтааст.
Тоҷикистон ба иттилои “Global Firepower” 37 танк, 46 зиреҳпӯш, 25 тайёраи низомӣ, 4 ҳавопаймои омӯзишӣ, 20 чархболи таъиноти умумӣ ва 6 чархболи зарбазан дорад. “Global Firepower” буҷаи низомии солонаи Тоҷикистонро 75 миллион доллар арзёбӣ карда, низомиёни фаъоли хатти пеши кишварро 6 ҳазор нафар гуфтааст.
Дар ин раддабандӣ Қазоқистон дар мақоми 66, Озарбойҷон-64, Арманистон-74, Қирғизистон-78, Туркманистон-90 ва Афғонистон дар мақоми 102-юм ҷой гирифтаст. Ба сегонаи аввал ИМА, Русия, Чин ва ба сегонаи охир Малӣ, Мозамбик ва Сомалӣ ворид шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |