Убайдуллоев тағйири Конститутсияро “тақозои вақт ва ҷомеа” хонд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон гуфтааст, маҳз такмили пайвастаи меъёрҳои Конститутсия рушди устувору босуботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеаро таъмин намуда, сарчашма ва заминаи асосӣ барои ҳар як инсон муттасил фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона мебошад. Ӯ ин нуктаро душанбеи 15 феврал дармулоқот бо аҳли ҷамоатчигии пойтахт иброз доштааст.
Дар ин мулоқот, ки ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдор, перомуни “фаҳмондадиҳии моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон” баргузор шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфтааст, ибтикороти мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бозгӯи тақозои вақт ва ҷомеа мебошад. Ҷаноби Убайдуллоев таъкид кардааст, “тағйиру иловаҳо ба тавсеаву тақвияти равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, сиёсати давлатии ҷавонон ва дигар омилхои пешрафти ҷомеа ва Ватани махбубамон нигаронида шудаанд”.
Раиси Маҷлиси миллӣ ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистонро шарҳ дода, аз ҳозирин даъват кардааст, 22 майи соли ҷорӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок намоянд.
Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Убайдуллоев дар идома гуфтааст, “вохӯрии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе бобати фаҳмондадиҳии моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 19 феврали соли ҷорӣ бо фаъолони чор ноҳияҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносони варзида анҷом дода мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |