Таърихи имрӯз: Анонс, мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз
СЕШАНБЕ. 16 феврал - 47-юмин рӯзи сол. То поёни сол 318 рӯзи дигар монда;
+ Имрӯз дар мавзӯи “Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар соҳаи таъмини оби нўшокӣ ва ҳолати санитарӣ дар Тоҷикистон" нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Дар он намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок мекунанд. Суроға: Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ. Оғоз: соати 10:00;
* Абдулфараҷи Рунӣ (1039 - 1108) - шоири форс - тоҷик;
* Юлдош Зиёев (1914 - 1985) - журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
* Лақим Қаюмов (1933-1998)- арбоби давлатӣ, дипломат;
* Зиёратшо Қодиров (1960) - доктори илми тиб, профессор;
* Қурбон Нарзуллоев (1945)- сароянда;
* Вадим Ранов (1924 - 2006) - доктори илми таърих, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ;
* Салимшо Ҳалимшо (1936) - шоир, Корманди шоистаи Тоҷикистон;
* Маҷид Ҳамидов (1907 - 1993) - Ҳофизи халқии Тоҷикистон;
* Мирзосафар Шамсуддинов (1958)- шореҳи варзиш;
= Имзои Созишномаи Киото (2005);
= Литва истиқлолияташро эълон кард (1918);
= Эълони мустақилияти Куба (1918);
= Расул Боқиев медали тиллои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба ҷудоро ба даст овард (2007);
= Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардид (2009);
^ Шаҳри Душанбе. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 1-3 хунук, рӯзона 10-12 гарм;
^ Навоҳии тобеи марказ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5 хунук, рӯзона 7-12 гарм, дар баландкуҳҳо шабона 3-8 хунук рӯзона 0-5 гарм;
^ Шаҳри Қӯрғонтеппа. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м /с. Ҳарорат: шабона 1-3 хунук, рӯзона 9-11 гарм;
Вилояти Хатлон. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с.Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6 хунук, рӯзона 4-9 гарм, дар доманакуҳҳо шабона 8-13 хунук, рӯзона -2+3;
^ Шаҳри Хуҷанд. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 1-3 хунук, рӯзона 7-9 гарм;
Вилояти Суғд. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2-7 хунук, рӯзона 3-8 гарм, дар куҳҳо шабона аз 11-16 хунук, рӯзона 0-5 хунук;
^ Шаҳри Хоруғ. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 9-11 хунук, рӯзона -1+1 хунук;
^ Ноҳияи Мурғоб. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 23-25 хунук, рӯзона 7-9 хунук;
ВМКБ. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: дар ҒВМКБ шабона 10-15 хунук, рӯзона -1+4, дар ШВМКБ шабона аз 26-31 хунук, рӯзона 8-13 хунук.
Маълумот аз торнамои meteo.tj
1 доллар 7.8697сомонӣ
1 ЕВРО 8.8534
10 рубли русӣ 0,0993
1 манати Озарбойҷон 4.9982
1000 риёли Эрон 0.2608
10 тангаи Қазоқистон 0,2184
10 соми Қирғизистон 1,0468
1 юани Чин 1,1971
1 динори Қувайт 26,3483
1 манати нави Туркманистон 2,2485
1 лири Туркия 2,6873
100 суми Узбакистон 0,2769
Маъмулот аз торнамои nbt.tj
Мӯҳр
Хабарҳои монанд:
Таърихи имрӯз: Мавлуд, дамои ҳаво, бозори арз
Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, дамои ҳаво, бозори арз
Таърихи имрӯз: Анонс, мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |