Сафорати Эрон нармафзори табдилгари хатти форсӣ ба кирилӣ ва баръксро фаъол кард

Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон нармафзореро бо номи “Беҳрӯзиён” фаъол кардааст, ки навиштаҷоти форсиро ба кирилӣ ва кирилиро ба форсӣ баргардон мекунад. Ин нармафзор дар вебгоҳи Пажуҳишгоҳи форсӣ тоҷикӣ қобили дарёфт ва истифода қарор гирифтааст.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ дар маросими сиву ҳафтумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ гуфт, ки илова бар нусхаҳои роёнаӣ, нусхаҳои таҳти веб ва қобили истифода дар анвои системаҳои омили гӯшиҳои телефони ҳамроҳ низ фароҳам шуд, ки ба манзури истифодаи ройгони умум дар вебгоҳи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нишониҳо боргузорӣ шуд.
Ҳасан Қарибӣ, мудири ҷадиди Пажуҳишгоҳ ба “Озодагон” гуфт, ки ин нармафзор ба манзури таҷлил аз заҳматҳои равоншод Абдураҳими Беҳрӯзиён, сарпарасти собиқи Пажуҳишгоҳ ба номи эшон гузошта шудааст: “Марҳум Абдураҳим бо талоши бевифқа муваффақ ба тарроҳӣ ва иҷрои нармафзоре гардид, ки хатти кириллиро ба форсӣ табдил менамуд. Вай дар гоми баъд даст ба кори таҳияи нусхаи мубаддили хатти форсӣ ба кириллии ин нармафзор гардид, ки дасти тақдир иҷозаи такмили онро надод”.
Ба гуфти Қарибӣ тафовути нармафзори мавҷуд бо мавориди мушобеҳ, баҳрагирӣ аз матнҳои форсӣ ва тоҷикӣ (кириллӣ) дар танзими додаҳо ва қобилияти худсозӣ ва такмили тадриҷии он аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |