Ду тоҷик дар ҳамла ба соҳибкор ва дуздии мошини ҳомили бозичаҳо муттаҳам мешаванд
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки дар ҳамла ба як соҳибкори инфиродӣ ва рабудани “Газел”-и ҳомили бозичаҳояш муттаҳам мешаванд.
Оҷонсии хабарҳои шаҳрии “Москва” бо такя ба маълумоти пулис гуфтааст, дастгиршудаҳо мошини тамғаи “Газел”-еро, ки дар он соҳибкори инфиродӣ аз фурӯшгоҳи “Садовод” ба ҷониби Маркази савдои “Москва” бозичаҳоро интиқол медод, нигоҳ дошта, соҳибкорро бо зӯр дохили мошини худ нишонда, маблағ ва телефони ҳамроҳашро гирифтаанд: “Вақте соҳибкор ба ҷои ҳодиса бармегардад, “Газел” онҷо набудааст. Ҳаҷми умумии хисорот бештар аз як миллион рублро ташкил медиҳад”.
Манбаъ афзудааст, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, афроди дигари ҳамдаст бо дастгиршудаҳо ҷустуҷӯ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |