Президент: Комсомол хоин тарбият мекард, Фейсбук “офат” аст
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон созмонҳои ҷавонони замони шӯравиро танқид ва гуфтааст, созмони комсомол хоин тарбият мекард.
Ӯ ҳангоми суханронӣ дар Шӯрои сарпарастони Бунёди рушди варзиши кӯдакона гуфтааст, “режими шӯравӣ бо оинномаи пионеру комсомолаш сари ҳамаро гич карда буд. Мехоҳам бигӯям, ки аз миёни комсомолон ҳатто як роҳбар набаромад. Миёни онҳо бачаҳое набуданд, ки ба талаботи имрӯзии мо ҷавобгӯ бошанд. Дар ин созмон бештар одамонеро тарбия карданд, ки ба хиёнат кардан омода буданд”.
Ин дар ҳолест, ки худи Ислом Каримов дар гузашта ҳам пионер ва ҳам комсомол буд ва ситораи лениниро аз сари синааш намегирифт. Вақте узви ҳизби коммунистӣ шуду соҳиби билети ҳизбӣ гардид дар муқоваи ин билет акси Ленин “медурахшид”.
Бино ба иттилои расонаҳо, дар ҷаласаи Шӯрои сарпарастон Каримов аз маҳбубияти шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон ҳам изҳори нигаронӣ кардааст. Ба қавли ӯ, намешавад интернетро маҳдуд кард, вале бо ин вуҷуд Каримов шабакаҳои иҷтимоиро барои ҷавонон “офат” номидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |