Баъди тахриби хат ба Афғонистон: “Лимит”-и рӯзонаи барқ лағв шуд
Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон аз лағви маҳдудияти рӯзонаи таъминоти мардум бо барқ иттилоъ додаст.
Тибқи иттилои сомонаи “barknest.tj”-и Иттифоқи истеъмолгарон, ки таъминоти ҳаррӯзаи мардум бо барқро инъикос мекунад, охири ҳафтаи гузашта интиқоли барқ ба мардуми навоҳии Тоҷикистон аз 17 соат бештар гардидаст.
Бар асоси мониторинги масъулини Иттифоқи истеъмолгарон мардуми навоҳии Тоҷикистон рӯзи 14 феврал 17 соат ва ё аз он бештар барқ гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ 14 феврал танҳо дар навоҳии Қумсангиру Фархор-14 соат, Панҷакент-12, Мастчоҳи Куҳӣ-15 ва Конибодом ба мардум 16 соат барқ дода шудаст: “Боқимонда аз 17 соат зиёдтар барқ гирифтаанд”.
Афзоиши интиқоли барқ ба мардум дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта, як пояи хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ, ки тариқи он аз Тоҷикистон ба Афғонистон барқ фурӯхта мешуд, дар вилояти Бағлон инфиҷор шуда буд.
Аввали моҳи равон Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ваъда дод, ки соли равон маҳдудият дар таъмини мардуми навоҳӣ бо нерӯи барқ барвақттар лағв хоҳад шуд. Ӯ афзуд, ки бо назардошти мусоид омадани боду ҳаво маҳдудияти интиқоли барқ ба мардум нисбати солҳои пешӣ барвақттар бардошта хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |