Бахшҳо
15 фев 2016 12:29Тоҷикистон / Сиёсат

Маҷлиси миллӣ исми нави шаҳру навоҳиро тасдиқ мекунад

Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумони кишвар дар иҷлосияи навбатии худ пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар мавриди тағйир додани номи баъзе аз шаҳру навоҳиро баррасӣ хоҳад кард.

Иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллӣ 3 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Якуми феврали соли равон Эмомалӣ Раҳмон зери қарорҳои ҳукумат оид ба ба тағйир додани номи як қатор шаҳру ноҳия ва объектҳои ҷуғрофӣ имзо гузошта, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ пешниҳод карда буд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, тибқи қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар асоси пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳия шудааст, ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор тағйир карда, номи чанд ноҳия иваз шудааст. Масалан, Тавилдара - Сангвор, Ҷиргатол - Лахш, Ҷалолиддини Румӣ - Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷиликул - Дӯстӣ, Қумсангир - Ҷайҳун, Шӯрообод - Шамсиддини Шоҳин, Ғончӣ - Деваштич шуда, шаҳри Қайроққум - Гулистон ва Чкалов - Бустон номгузорӣ шудаанд. Инчунин обанбори Қайроққум аз ин ба баъд обанбори “Баҳри Тоҷик” ном хоҳад дошт.

“Ҳадаф аз тағйири номи шаҳру ноҳияҳо ва обанбори мазкур амалӣ намудани дархосту пешниҳод ва ормонҳои ватандӯстонаи мардум доир ба барқарор намудани асолати таърихии номҳо, тарғибу ташвиқи анъанаҳои волои миллӣ, ба назар гирфтани хосиятҳои маҳалҳои ҷойгиршавӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии аҳолӣ ва хусусан бедор намудани хотираи таърихии насли ҷавону навраси кишвар аз фарҳангу тамаддуни пурғановати ниёгон ва давлатсозии муосири миллати бостонию созандаи тоҷик аст”,-гуфтааст манбаъ.

Дар ин иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ҳамчунин Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар Тоҷикистон дар соли 2015 гузориш медиҳад.
Мӯҳр
чкалов
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)