Дар ҷаласаи вилоятӣ зикр гардид, ки бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур бо қарори ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои таъмини аҳолии эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 10 ҳазор гектар заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва дар кишоварзӣ истифоданашаванда барои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид. Ба мақомоти маҳаллӣ то ба имрӯз мувофиқи вилоят 123.649 ариза ворид шуда, баъди баррасии онҳо 99.641 оила ҳамчун эҳтиёҷманд ҳисобида, ба навбат гирифта шуданд.Мувофиқи таҳлили комиссияи кории ҷамоатҳо ва шаҳру ноҳияҳо, бинобар ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани замин номувофиқ буданашон 18.070 ариза рад карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Ғончӣ ва шаҳри Истаравшан то имрӯз ҳамагӣ мутаносибан 47-56 фоизи аҳолии эҳтиёҷманд бо замин таъмин гардиданду халос. Дар ноҳияҳои мазкур дар ҷамоатҳои деҳоти Калининободи ноҳияи Ғончӣ 26,1 % ва ҷамоатҳои деҳоти Гули Сурх, Ҷавқандак ва Ленинободи шаҳри Истаравшан аз 22,8 то 27% эҳтиёҷмандон соҳиби замин шудаанду бас. Дар ноҳияҳои Айнӣ, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ ва Шаҳристон ба шаҳрвандоне, ки замин ҷудо карда шудааст, ҳамагӣ ба 45-75 нафар соҳибони замин сертификат дода шудааст, ки фоизи ночизро ташкил медиҳад.Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бошад, ба ягон шаҳрванд сертификат дода нашудааст. Дар масъалаи истифодаи замини корам низ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.
Манбаъ афзуд, дар ҷаласа барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба раиси шаҳри Панҷакент «танбеҳ», ба раисони шаҳрҳои Истаравшану Исфара «огоҳӣ», ба муовинони раисони ноҳияҳои Истаравшану Исфара «танбеҳ», ба муовинони раисони ноҳияҳои Ғончӣ ва Мастчоҳ «огоҳӣ» эълон гардида, муовини раиси шаҳри Панҷакент оид ба соҳаи кишоварзӣ аз вазифа сабукдӯш карда шуданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |