Маоши ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” 2 баробар кам шудаст
Вазорати молияи Амрико мегӯяд, раҳбарияти созмони террористии “Давлати исломӣ” маоши ҷангиёнашонро ду баробар кам кардааст.
Дэниел Глейзер, намояндаи Вазорати молияи Амрико мегӯяд, даромади “Давлати исломӣ” аз қочоқи нафт коҳиш ёфтааст: “Дар пайи зарбаҳои ҳавоӣ истихроҷ ва қочоқи нафт барои “Давлати исломӣ” мушкил шудаст. Ба далели коҳиши даромад, маоши ҷангиён 2 баробар кам шудаст”.
Соли гузашта нашрияи маъруфи Financial Times иттилоъ дода буд, ки хароҷоти солонаи “Давлати исломӣ” барои пардохти ҳаққи ҷангиён ба 600 миллион доллари амрикоӣ баробар аст: “Ин маблағ аз се ду ҳиссаи даромади “Давлати исломӣ”-ро ташкил медиҳад. Ҷангиён аз 600 то 1000 доллар, бархе 200-300 ва суриягию ироқиҳое, ки савганди садоқат ёд накардаанд аз 50 то 150 доллар маош мегиранд”.
Се ҳафта қабл Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон изҳор дошт, ки 992 тоҷикистонӣ феълан ба сафи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Вазир дар мавриди Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки соли гузашта ба “Давлати исломӣ” пайваст, иттилоъ дод, ки ду бор захмӣ шуда, феълан дар ҳолати вазнин қарор дорад. Вазири умури дохилӣ гуфт, феълан барои Гулмурод Ҳалимов 100 доллари амрикоӣ нафақаи маъюбӣ таъин шудааст: "Ӯ тақдирашро худаш маълум кард".
Собиқ фармондеҳи “ОМОН” ки 27-уми майи соли 2015 пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |