Хадамот: Духтарчаи ҳалокшуда дар сӯхтор аз Тоҷикистон нест

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дар бораи ҳалок шудани духтарчаи 7-солаи тоҷикро ҳангоми сӯхтор дар вилояти Челябинск рад кард.
Тибқи иттилоияи расмӣ кормандони намояндагии Тоҷикистон муайян кардаанд, ки духтарчаи ҳалокшуда на шаҳрванди Тоҷикистон, балки шаҳрванди Узбакистон будааст. Ба иттилои манбаъ хонаводаи ҷабрдида аз Узбакистон будаст.
Қаблан расонаҳои русӣ бо такя ба мақомоти Челябинск иттилоъ доданд, ки дар пайи оташ гирифтани хонаи иҷораи як хонаводаи муҳоҷири тоҷик дар вилояти Челябинск духтарчаи 7-сола ба ҳалокат расида, модар бо писарчаи 5-солаи дигараш дар беморхона бистарӣ шудаст.
Тибқи иттилоияи мақомоти Челябинск, сӯхтор субҳи барвақти 14 феврал дар кӯчаи Декабристи шаҳраки Розаи ноҳияи Коркин рух додаст: “Дар натиҷа, духтараки 7-сола ба ҳалокат расида, модари 32-сола бо писари 5-солааш аз дуди оташ заҳролуд шуда, дар беморхона бистарӣ гардидаанд”.
Ба иттилои манбаъ, падари 38-солаи хонавода зарари ҷиддии ҷисмонӣ надида, аммо аз фоҷеаи рухдода асабҳояш осеб диданд ва ба ӯ кӯмаки равонӣ ироа гардидааст.
Мақомоти Челбинск мегӯянд, ин хонавода соли 2012 ба ин вилоят кӯч баста, иҷозаи иқомат доштаанд. Дар манзили сӯхта иҷоранишин будаанд. Ба иттилои манбаъ, феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |