Бахшҳо

“Фононбонк” барои пешниҳоди нақшаи беҳбудии вазъи молиявӣ як моҳ муҳлат гирифт

Бонки миллии Тоҷикистон роҳбарияти ҶСП “Фононбонк”-ро муваззаф сохтааст, давоми як моҳ нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро пешниҳод созад. Дар ин бора торнамои расмии Бонки миллӣ иттилоъ дода аст.

Ба иттилои манбаъ, “мутобиқи моддаи 61-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 12 феврали соли ҷорӣ фаъолияти Маъмурияти муваққатии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фононбонк”-ро бинобар бартараф шудани асосҳое, ки боиси таъини он гардида буданд, анҷомёфта ҳисоб намуд”. Дар идома ин ниҳоди молиявӣ барои пешниҳоди нақшаи беҳтар намудани вазъ ба ин бонк як моҳ муҳлат додааст.

Моҳи октябр хабари боздошти Самихон Қурбонов , раҳбари "Фононбонк" расонаӣ шуд. Бино ба иттилои расида, боздошти Қурбонов, ки аз наздикони Саидумар Ҳусайнӣ, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мебошад, дар иртибот ба фаъолияти гуруҳи террористии "Ҳоҷӣ Ҳалим" сурат гирифтааст. Ба қавли наздикони Самихон Қурбонов ӯ баъди бозпурсии чандрӯза раҳо гардид. Дар пайи ин, Бонки миллии Тоҷикистон 5 октябр эълон кард, бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП “Фононбонк” ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он аз 2 октябри соли равон дар “Фононбонк” маъмурияти муваққатиро ба муҳлати се моҳ таъин намуд: “Мутобиқи қарори қабулшуда ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст”.

Баъди анҷом ёфтани ин муддат, 30 декабри соли 2015 Бонки миллӣ муҳлати мудирияти муваққатии кормандонаш дар “Фононбонк”-ро барои се моҳи дигар тамдид кард. Ин ниҳод гуфт, ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП “Фононбонк” чораҳои зарурӣ андешад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)