ВКД: Сокини Данғара ба сементи “Хуакасин Ғаюр Семент” хока омехта мекардааст
Як сокини 21-солаи ноҳияи Данғара дар фиреби истеъмолкунандаҳо гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин нафар “аз моҳи октябри соли 2015 то моҳи январи соли 2016 аз ҶСП “Хуакасин Ғаюр Семент”, воқеъ дар ноҳияи Ёвон маҳсулоти сементро харидорӣ намуда, онҳоро дар амборхонае воқеъ дар шаҳри Душанбе, бо хокаи ба семент монанд омехта намуда, дар дукони масолеҳи сохтмонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳрвандон фурӯхтааст”.
Манбаъ меафзояд, ин ҷавон дар маҷмӯъ 342 халта сементи бесифатро ба малағи 13338 сомонӣ фурӯхтааст. ВУД мегӯяд, ин сокини Данғара рӯзи гузашта (12 феврал) дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт шуда, ҳоло “корҳои тафтишотӣ идома доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |