Бахшҳо

Ба зери парчами кӣ саф кашидаем?!

Сайф САФАР

Магар бо афрошта шудани парчами Қирғизистон дар сардари хонаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон масъалаи эҳтироми истиқлол ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мавриди баҳс қарор намегирад?


Барафрошта шудани парчами ҳар кишвар, гуруҳ ва ҳатто як ҷунбиши хеле кучак дар қаламрави дигар ҳокӣ аз пирӯзии он аст. Ба ин тартиб, партавфишон шудани парчами сурхи Шӯравии пешин болои боми Рейхстаг, парлумони Олмони нозӣ нишонаи ғалабаи комили аввалӣ бар дуввумӣ буд. Суҳбатро агар имрӯзитар кунем парчами сиёҳусафеди гуруҳи “Давлати исломӣ” пеши чашм меояд, ки бо пайдо кардани тасаллут бар ҳар минтақа дар пасманзари он аз нуфуз ва даъват ба худ навор мегиранд. Бо ишора ба ин ду мисол баланд шудани ҳаргуна парчам ҳатман пайёме бо худ ба ҳамроҳ дорад. Зоҳиран, дар Тоҷикистон ҳам зарурияти парчамро дарк карданд, вагарна ба баланд кардани парчами 165 метрӣ иқдом намекарданд, ҳарчанд қишре аз ҷомеа бо сохтани он мухолиф буд. Афзун бар ин санаи 24 ноябр ҳам Рӯзи парчам эълом шудааст, ки боз ҳам таъкид бар лузуми муқаддас доштани парчам аст.

Аммо, баҳси ин сутур чизи дигар, ки мустақиман ба парчам рабт дорад. Теъдоде аз сарбозони Қирғизистони ҳамсоякишвар вориди хоки Тоҷикистон шуда, парчами худро бар сардари чанд хона барафроштанд ва дар пайи ин хабарнигори тоҷикро ҳам барои 8 соат равонаи боздоштгоҳ карданд. Ҳамон қирғизҳои аз назари тоҷикон бодиянишин ва бе таъриху чандин нуқсҷӯйии дигар.

Баргардем сари асли мавзӯъ ва чанд марбут ба он. Мутаассифона, ҷанги иттилоотӣ ҳамеша дар даргириҳои марзии Тоҷикистон Қирғизистон ба ғолибияти дуввумӣ тамом мешавад, чун фазои боз барои расонаҳо фароҳам аст, хабари бештарро ба забони русӣ дар ихтиёри мухотабони русихон қарор медиҳад. Албатта, аз зовияи манофеи худ. Бар замми ин қудратмандии худро аз Тоҷикистон барои ҳамсоягон ба намоиш мегузорад. Аммо, Тоҷикистон бо пахши як нигаронии сафорати худ дар Бишкек кифоят кард ва аз Қирғизистон хоста аз ин гуна “худсариҳо” ҷилавгирӣ шавад. Ман интизор доштам, ки ҷониби мо сафири Қирғизистон дар Тоҷикистонро ба Вазорати умури хориҷа эҳзор мекунад.

Ҳовард Зин, таърихнигор ва устоди улуми сиёсии донишгоҳи Бостон гуфтааст: “Ҳеч парчаме ба андозаи кофӣ бузург нест, ки шарми кушта шудани мардуми бегуноҳро рӯйпӯш кунад”.

Хушбахтона дар қазияи парчами қирғизӣ касе кушта нашудааст, боло шудани он бар боми тоҷик ва боздошт хабарнигорро набояд рӯйпӯш кард, балки дипломатияро нерӯ бахшиду манофеи миллатро дурустар ҳимоят кард.
Мӯҳр
озодагон дигар кор надоред

Барои харими хавоии Туркияро вайрон намудани русхо , туркхо хавопаймои чангиро зада афтонид . Мо бояд камтар нангу номус кунем ки ба манзили мо бегона омада парчам насб кардаанд! Агар аз худ дифоь карда натавонем артиш барои чи лозим аст?

Хуршед
Сайф ҳақ ҳасти ҷӯра. Бадбахтона тоҷик номусашро дигар аздаст додаас.
Қирғиз таги по кунад, афғон дарояд, ӯзбак гаравгон гирад, хитой замнҳоро гирад. Ку ғурури таърихии мо??

adl
Артиш барои химояи ватан не барои худашон аст

бобо
ГБАО,
Хонда хулоса кун, номусу гурури милли агар бошад!

Мирзо
Киргизхоро зада то пушти кух пеш кардан лозим аст. Ин заминхоро солхои 70-ум сарварони Точикистони шурави барои аз пахта чони худро халос кардан ба Киргизистон дода буданд, ба мухлати чанд сол, номаълум. Бинобар ин хукумати Точикистон дар асоси он хуччатхо заминхоро бояд баргардонад.

millat
Tamomi juzu tomhoi artishi millii Tojikiston meboist zud joi hodisa meomad. Parchami kishvari digar dar sarsamini "bahsi" in shaloq bar mo ast! Meboist vazirro ba istehfo gusel kard.ГБАО,

Кучо шудед мардони бонангу номуси миллат!
Зури шумо танхо ба дашному хор кардани занон мерасад?
Агар аз бахри сарчамъ кардани давлату миллат намебароед, бигзоред
корро дасти занон. Мо аз шумо барин мардони чомеа шарм медорем.
Занон мардона гохе ишк варзанд,
Заифихои мардонро чи гуям.

Рости бародарони азиз ман ин мавзуро хонда ба хулосае омадам .ки бояд аз хаминруз саркарда якояки мо гурури миллиамонро неруву кувва дихем. Зеро таърих гувох аст ки ин туркначодон чандборхо хуни ин миллатро рехтан хиёнат кардан заминашро гасб намуданд боз каноат накарда идома додаистодаанд. Хар давру замон таксимоти худуд тибки дарёву куху бахрхо сурат мегирифт аммо дар вакти Шуро баъзе аз рохбарони ноухдабарои мо заминхои моро барои чарогох мувакатан супориданд. Ана имруз натичааш боёд Киргизхо аз кух вай тараф кучонида шаванд агар тарики дипломати нашават бояд аз зури Рустамона коргири шавад.

Артиши Точ,ик ман фикр мекунам х,аваси на барои х,имояи Ватан доранд, балки барои тарсонидани мардуми худ ва аз байн бурдани мардони бо номуси Точ,ик х,аваси зиëд доранд! Зеро ки Точ,ик худкуши бегонапараст аст!!!
Дилам дарди Ватан дорад гаму дардам ба ки гуям???

nabi farhor
Офарин Сафар. Мо точикон бояд хама пуштибони парчаму,миллату,ватани хеш бошем.Ин худаш чи гап,киргизхо 30-40 нафараи силохдор марзшикани керда,болои боми хонаи точик парчами давлати худашонро насб кардаанд.Мо бо узбекхо доду гирифт надорем,дар афгонхо хар руз чанг,агар бо киргизхо низ муносибат бад шавад,мо точикон танхо тараки нахохем кард.Давлатхои Аврупоиро бинед,мисли акаву додар хастанд.

дангара
хамин як бор дар тахрих нигох кунед точикхо аз хисоби дилсузиашон ба узбакхо бухорову самарканд ва дигар минтакахо додем. бас аст як номус кунед

Может я слишком агрессивно реагирую...но в данный момент по другому нельзя. Настал час в открытую "поговорить" с недругами

Меня можете не публиковать....мне не особо и надо. Люди начинают вспоминать воинственное наше прошлое.
Спасибо Озодагон...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)