Сафири Эрон: Тоҷикистону Эрон гушту нохунанд, касе қодир ба ҷудо кардани ин пайванд нест
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар маросими таҷлил аз 37-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар Душанбе гуфт, равобити ду миллати бародар ва ҳамрешаи Эрону Тоҷикистон равобити амиқу густарда аст ва ин пайванди гушту нохун мебошад, ки касе ё чизе наметавонад инҳоро аз ҳам ҷудо кунад.
Оқои Фағонӣ гуфт, равобити ин ду кишвар дар партави сиёсати раҳбарони кишварҳо дар ҳамаи заминаҳо истимрор дошта бо ҷиддият пеш меравад ва Эрон ба унвони як қудрати минтақаӣ нисбат ба амнияти минтақа ва ҷаҳон масъулона бархӯрд мекунад. Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни ироаи табрикоти роҳбарияти олии кишвар ба ҳукумат ва мардуми дӯсту бародари Эрон изҳор дошт, мардумони ҳамзабону ҳамфарҳанги мо дар ростои арзишҳои муштарак ва безаволи маънавию фарҳангӣ тӯлонитарин роҳи таърихи инсониятро бо ҳам паймудаанд ва дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши мондагори худро гузоштаанд. Аслов бо таъкид ба ҳамкориҳои судманди ҳар ду кишвар дар заминаи татбиқи тарҳҳои энерҷиву зерсохторӣ ва илмиву фарҳангӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои Эрони Тоҷикистонро дар сутуҳи байналмилаливу минтақавӣ густарда арзёбӣ кард ва гуфт, “мо, самимона умедворем, ки дар оянда низ дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ ва ҳусни ният муносибатҳои анъанавии дӯстона ва равобити муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар тавсеъа хоҳанд ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикситон барои густариши ин муносибот кӯшишҳои заруриро ба харҷ медиҳад”.
Ҷаноби Аслов тавофуқи ҳосилшудаи Эрон бо кишварҳои панҷ бар иловаи якро намунаи барҷастаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи дипломатияи хирадмандона ва созанда донист ва эътироф кард, ки ин руйдоди таърихӣ боиси тақвияти беш аз пеши неруи саноатию иқтисодӣ ва иқтидори сармоягузории Эрон мешавад ва нақши созандаи кишварро дар таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон боло хоҳад бурд: “Мо аз нахустин рӯзҳои музокироти Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ бар ин мавқейи тағйирнопазир будем, ки дар раванди ҳалли қазияи барномаи ҳастаии Эрон мусоламат, ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва эҳтиром бар ҳуқуқу манофеи ҳамдигар заминаи мустаҳкам ва умедбахш мебошад”.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, мо аз ташаббусҳои созандаи Эрон дар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳимоят мекунем. Аслов ба ҳукумати Эрон барои ҷонибдорӣ аз узвияти Тоҷикистон барои давраи сесола дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ изҳори сипос намуд ва гуфт, Тоҷикистон умедвор аст, ки кишварҳои дигари дӯст низ ҷонибдории худро аз узвияти Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик эълон менамоянд.
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ фарҳанги муштарак ва ифтихоромезро яке аз азизтарин доштаҳо ва муҳимтарин авомили ҳампайвандӣ ва ҳамафзойии Эрону Тоҷикистон дониста, таъкид дошт, ки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва ифротгаройӣ бо имзои мувофиқатномаҳои амниятиву интизомӣ намунае аз ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятист.
Сафири Эрон гуфт, “бади лағви таҳримҳо уфуқҳои ҷадид, ба вижа дар арсаҳои иқтисодӣ фароҳам омадааст ва умедворам битавонем аз он барои таъвиқи ҳарчи бештари муносибатҳои бародаронаи ду миллати ҳамреша ва ҳамзабон истифода кунем”.
Фағонӣ ҳосили тавофуқи Эрон бо кишварҳои панҷ бар иловаи 1-ро муваффақияти азиме дар раванди тасбит ва тақвияти барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон донист: “Мо бо исботи ҳаққонияти миллати Эрон таҳримҳои сангин ва золимонаеро, ки муртабити бо ин мавзуъ буд, барчидем. Ин муваффақияти музокиротӣ, ки намунаи камназир барои ҳалли яке аз тулонитарин ва печидатарин ихтилофот дар таърихи муосир аст, дастоварди мутааллиқе ба ҳамаи кишварҳост ва метавонад ба унвони улгуйи муваффақ барои ҳаллу фасли дигар ихтилофот ва муноқишоти байналмилаливу минтақаӣ мавриди истифода қарор бигирад”.
Сафири Эрон дар Душанбе гуфт, имрӯз ба рағми ҳама таҳримҳову таҳдидҳо Эрон бо талош ва муҷоҳидатҳои ҷавонон ва мутахассисони худ ба чархаи комили сухти ҳастаӣ даст ёфта, аз назари дониши илмӣ, фанноварии ҳастаӣ ва нонотехнолоҷӣ дар радифи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор дорад ва аз маъдуд қудратҳоест, ки сохт ва партоби моҳвора бо аҳдофи мухталифро бумӣ карда, бо мурури замон хиттаи амали худ дар ин заминаро густариш медиҳад.
Таъкиди равобити судманди Тоҷикистону Эрон аз сӯйи Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Эрон дар Душанбе дар ҳолест, ки чанде пештар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар пайи даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъшудаи ҲНИТ, ба Теҳрон барои иштирок дар ҳамоиши Ваҳдати исломӣ сафири Эрон дар Душанберо эҳзор ва ба дасти ӯ номаи эътирозии ҷониби Тоҷикистонро супурда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |