Бахшҳо

Баҳси “гуштӣ” ва “куштӣ” дар “Озодагон” ва шарҳи забоншинос

Як хабар дар “Озодагон”, ки онҷо вожаи куштӣ (ба ҷойи гуштӣ) истифода шуд, баҳси гармеро миёни корбарон барангехт.

Нахустин шуда, корбаре бо номи "Тоҷик" пурсид, ки “мусобиқаи КУШТӢ чӣ маъно дорад, Озодагон?”. “Меҳмон” бо киноя ба ӯ посух дода: “Куштӣ” ин калимаи тоҷикони нав! Гуштингирӣ куҳнаю нофаҳмо шудааст. Футболро ба қарибӣ потуб менависанд. Хоккейро яхмос”. Аммо корбари дигар гуфтааст, "барои фаҳмидани маънии куштӣ калимаву китобҳои арабиро камтар ва бештар “Шоҳнома” хондан даркор... Асли куштӣ маҷозан куштани ҳариф аст, аммо имрӯз муллочопо бомбара дар мобайни чатануш баста, кафонда куштан мефаҳманд. Ҳамин нафаҳмидани шумо буд, ки ҳамин куштии паҳлавонии тоҷикиамон низ аз даст рафт ва дар сатҳи ҷаҳонӣ бо номи муғулие аз ҷониби қавми чингизие муаррифӣ мешавад”. “Нурӣ”, хонандаи дигар менависад, ки куштӣ ва гуштӣ як маъно доранд: “Куштӣ камарбанд (пояс)-еро гӯянд ки дар миён баста мешавад вақти қувваозмоӣ”.

Дар пайи ин баҳсҳо мо аз донишманди тавонои тоҷик Умед Ҷайҳонӣ хоҳиш кардем, барои корбарони хабаргузорӣ маънии вожаҳои “куштӣ” ва “гуштӣ”-ро шарҳ бидиҳад. Инак посухи ӯ:

“Куштӣ” дар забони порсии миёна камарбандро мегуфтанд. Аз онҷое ки дар ин зӯрозмоӣ паҳлавонон камарбанди якдигарро мегиранду мекӯшанд якдигарро бар замин зананд, ин варзишро “куштӣ” меноманд. Ин вожаву варзиш дар “Шоҳнома” фаровон ёд шудаанд. Чунончи:
Ба куштиву нахчиру омоҷу гӯй,
Диловар шавад марди пархошҷӯй.

Вале “гуштӣ” ва “гуштигирӣ” ғалат ҳастанд. “Гӯштӣ” хӯрокеро гӯянд ки аз гӯшт пазанд. “Гӯштин” касест ки фарбеҳ бошад. Ин варзиш “куштӣ” ном дорад ва варзишгаронашро ҳам “куштигир” меноманд”.
Мӯҳр
хуршед
Заб кор кардед Озодагон! Қаҳрамонӣ! Гӯё сайёраи нав кашф кардед. Гӯштин калимаи хеле фаҳмо ва форам.

к
Мардумро гаранг накунед бо Шохномаатон. Як умр мардум гушти мегуфтанд. Боз дар Шохнома Фирдавси филро "пил" гуфтааст. Мо хам бояд акнун "пил" гуем?

Dev
хуршед,
Az hamon "hele fahmovu foram"gueton ,zaboni adabiro "noforam" karded.Holo biser chizho "hele fahmovu foram" ast, vale zaboni adabiro boyad donem , digar roh nest!

ooo
Дар япония тавалуд мешад фикри технологияра мекнад мо хозирам бахси калима

Гапи Чайхони мисли номащ нодуруст аст. Гуштингири ё гуштин вожаи точикист ва он дар истифода аст. кушти мара кушти э духтари аргушти. дигар моли торих аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)