8 феврал марзбонҳои қирғиз дар боми ду сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъа ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парчами кишвари худро насб карданд. Бино ба бархе маълумотҳо ҳоло ҳам ин парчамҳо афрохтаанд. Дар робита Озодагон аз чанд коршиносу соҳибназари тоҷик пурсид: НАСБИ ПАРЧАМИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ДАР ХОНАҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ ГУНА МЕШАВАД ФАҲМИД?
Шокирҷон ҲАКИМОВ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
То замоне ки дар асоси ҳусни тафоҳум ё консенсус хулосаҳои комиссияи байниҳукуматиро парлумонҳои ду кишвар ба тасвиб нарасонанд, яъне, ратификатсия накунанд, ягон мақомот бидуни мувофиқа бо сохторҳои марбутаи давлатӣ барои анҷоми корҳо ҷиҳати аломатгузорӣ ва таъйини ҳудуд ҳақ надорад. Бинобар ин, амали содиршуда талоши халалдор намудани якпорчагӣ ва тамомияти марзию соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад ва бо кадом мақсад чунин рафтор кардаанд, бояд идораҳои ҳифзи ҳуқуқ таҳкиқу баррасӣ намуда, ба он баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд.
Исфандиёри НАЗАР, шоир
Ин амали ошкори тавтиъачинӣ, баҳонаҷӯӣ барои ҳуҷум ва ошкоро эълом кардани он аст, ки қирғизҳо тарафи муқобилро ба пашизе арзиш намегузоранд. Дар ин маврид ҷӯстани роҳҳои дипломатии ҳалли мушкил дигар фоида надорад. Зеро даҳҳо ҳолати рухдода бо дасти қирғизҳо баёнгари заъфи дипломатияи тоҷик дар ин маврид аст ва он қавм аз "бо роҳи дипломатӣ" вогузор кардани қисмате аз замини маврусии Тоҷикистон ба Чин шераку шердил гардидааст. Роҳе ки ба назарам мерасад ононро аз марз дур афканад, кашидани сипоҳ ба он қисмат ва мустаққар кардани горди вижае барои ҳолати доими омодабош аст, ки дар ин лаҳзаҳо битавонад кишварро ҳимоят кунанд. Берун аз инҳо, агар худи сокинони маҳаллӣ пуштибонии дохилиро дошта бошанд, метавонанд афзунталабонро то пойтахташон дур афкананд.
Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ
Албатта амали нодуруст аст ва ба назар мераcад қасди баде дар худ ниҳон дорад. Ҳушдорест, ки масъалаи марзро набояд хурд гирифт. Бубинед, ҳарду тараф даъво доранд хонаҳое, ки болои онҳо парчами Қирғизистон овехта шудааст, дар марзи онҳо ҷойгир шудаанд. Мо мегӯем, ки ин марзи мост, онҳо мегӯянд, марзи мост. Яъне, то ҳол хатти марз барои мардуми маҳал аниқ маълум нест. Ё маълум ҳам бошад, онро тарафҳо эътироф намекунанд. Зеро ин хатти марзро шояд тарафҳо ҳар кадом ба тарзи худ мефаҳманд. Дар чунин вазъи муташанниҷи байналмилалӣ дуру дароз боқӣ мондани ин номуайянӣ дар хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиати ин кишварҳои дӯст ва ҳамсоя нест. Ба андешаи мо ҷонибҳоро зарураст дар ин масъала ҳарчӣ тезтар ба мувофақа бирасанд.
Муҳаммад УЛУҒХОҶАЕВ, сухангӯи Сарраёсати неруҳои марзбонии КДАМ
Дар ин масъала гуруҳҳои корӣ аз ҷониби ҳам Сарраёсати неруҳои марзбонии Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон кор карда истодаанд. Яъне, масъалаи мазкур ҳоло мавриди тафтиши ҷонибҳо қарор дорад ва то пешниҳоди хулосаи ниҳоӣ маълумоти бештар дода наметавонем.
Далер ҒУФРОНОВ, журналист
Ман фикр мекунам, ки бояд онҳоро дар ҷойи худ бишинонем. Ин дигар ҷойи таҳаммул надорад. Миллати сарбаланди мо бояд обрӯйи худро ҳифз намояд.
Умед ҶАЙҲОНӢ, таҳлилгар
Ин корашон ба ин маъност ки онҳо он заминро аз они худ медонанд. Агар он замин аз Тоҷикистон бошад, ин парчам задани қирғизҳо бояд дастдарозӣ ба сарзамини кишварамон дониста шавад ва шадидтарин вокунишро бояд дар пай дошта бошад.
Тилав РАСУЛЗОДА, журналист
Ман фикр мекунам ҳарчи зудтар мо бояд хати марзро мушаххас кунем ва онро симхорбандӣ кунем. Чораи дигар нест. Зеро то он рӯзе, ки марзҳо мушаххас нестанд, баҳсҳо идома хоҳанд ёфт ва чунин аъмоли зишт такрор хоҳанд шуд.