Хонандаҳои мактаб маҷбуранд, оҳанпора супоранд

Ҳокимияти ноҳияи Мирзочули Узбакистон ба мактабҳои ноҳия супориш додааст, бо назардошти теъдоди хонандаҳо, аз 10 то 30 тонна оҳанпора ҷамъ оранд.
Яке аз мудирони мактабҳои ин ноҳия ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, ҳокими ноҳия мудирони мактабҳоро муваззаф сохт, оҳанпора супоранд: “Росташ, ҳамин кор ба ҷони мо расидааст. Аммо ҳокими ноҳия ва муовинонаш ҷамъоварии оҳанпораро вазифаи ҳатмии мактабҳо кардаанд. Ҳатто мудири маориф аз мо на сифати таълим, балки ҷамъоварии оҳанпораро мепурсад. Ҳоло мо на мактаб, балки ба анбори ҷамъоварии оҳан, зарф ва шиша табдил шудаем”.
Ин барои аввалин бор нест, ки дар Узбакистон хонандаҳои мактабҳои миёна ва донишҷӯёнро ба ҷамъоварии оҳанпора, шишапора ва ё обунаи нашрияҳои давлатӣ маҷбур мекунанд.
Масъулияти иҷрои қарори Девони вазирони Узбакистон дар бораи ҷамъоварии оҳанпора комилан ба дӯши омӯзгорон, хонандагони мактаб, коллеҷ ва литсейҳо, ҳамчунин кормандони соҳаи тиб афтодааст. Вақтҳои охир дар ин кишвар ҳатто волидайни кӯдакони боғчаро низ водор кардаанд, ки ба давлат оҳанпора супоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |