Мурофиаи 13 узви ҲНИТ 15 феврал идома меёбад
Муҳокимаи 13 аъзои ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ душанбеи 15 феврал идома меёбад. Дар ин бора Ситора Азизова, вакили дифои Зарафо Раҳмонӣ, яке аз ин 13 нафар имрӯз, 11 феврал ба “Озодагон” иттилоъ дод.
Нахустин муҳокимаи додгоҳии 13 аъзои раёсати олии ҲНИТ 9 феврал пушти дарҳои баста оғоз шуд. Наздикони афроди боздоштшуда ба “Озодагон” гуфтанд, танҳо ба вакилони дифоъ ҳаққи иштирок дода шуд: “Дигар ҳеч кадоме аз пайвандонро иҷозаи вуруд надоданд”.
Ситора Азизова, вакили дифои хонум Раҳмонӣ бо далели махфӣ будани парванда аз шарҳи рӯзи аввали муҳокима худдорӣ варзид.
Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов баъд аз амалиёт алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон 17 сентябр бо нашри як изҳорот гуфт, ин афрод баъди пурра нобуд кардани аъзои гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" (Абдуҳалим Назарзода) қасди фирор аз кишварро доштаанд: “Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зикршуда боздошт гардиданд".
Ин ниҳод баъдан эълон кард, алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |