Бахшҳо

АКС: Муфтии Русия Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии Ислом хонд

Равил Ғайнуддин, сардори Шӯрои уламо, муфтии Русия аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Ислом тавсиф кардааст.

Тибқи иттилоияи раёсати мусалмонҳои Русия Равил Ғайнуддин 10 феврал дар мулоқот бо Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав изҳор доштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст аз тақсимшавии мусалмонҳо дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад: “Бо талошҳои Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи Исломи анъанавию мазҳаби ҳанафӣ аз паҳншавии ақидаҳои ифротӣ ва ҷудоиандозӣ миёни мусалмонон дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда шуд”.

Муфтии Русия аз ҳамкорӣ бо Шӯрои уламои Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷикаш Саидмукаррам Абдулқодирзода изҳори қаноатмандӣ намуда, аз такмили ихтисоси имомхатибони тоҷик ва иштироки қориёни тоҷик дар озмунҳои Русия истиқбол кардааст.

Имомуддин Сатторов дар навбати худ зикр кардааст, ки мусалмонони Тоҷикистону Русия таърихи муштарак доранд ва замоне дар як кишвар зиндагӣ намуда, арзишҳои муштарак доранд.

Сафири Тоҷикистон аз гароиши тоҷикистониён ба ҳаракатҳои ифротӣ дар хориҷи кишвар изҳори нигаронӣ карда, афзудааст, ки роҳбарияти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Сатторов афзудааст, ки пешниҳоди Равил Ғайнуддинро барои кушодани намояндагии муфтиёти тоҷик дар Маскав ба роҳбарияти Тоҷикистон мерасонад. Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки ин иқдом метавонад нақши мусбат дошта бошад.

Дипломати тоҷик инчунин алайҳи сиёсӣ кардани Ислом ба хотири ғаразҳои шахсӣ ва баланд шудани изҳороти сиёсӣ аз минбарҳои масҷид баромад кардааст.


АКС: Муфтии Русия Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии Ислом хонд

АКС: Муфтии Русия Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии Ислом хонд

АКС: Муфтии Русия Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии Ислом хонд

АКС: Муфтии Русия Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии Ислом хонд
Мӯҳр
Вафо
Офарин ба муфтии росия ,ки шахсони бузурги илми ислом,ки хастанд мухтарам пешвои миллат эмомали рахмонро кадрдони карданд

салим
"Хомии ислом" Дар асоси кадом хидмату эхтиром ба динаш??Охир ин хомии ислмо масчидхора ба сеху кудакистон табдил дод,раиси шахрро фармон дода то масчидхои гайри расмиро чапа карда дархои онхоро бубанданд?Охир ин хоми сатре ки Худо дар Куръон барои зани мусалмон фарз медонад мои араб гуфта барои занхо ба сар кардани уро манъ кард,Охир ин хомии ислом фармон дода то барои риш гузоштану сатр бастан ичозатнома гиранд,охир ин хомии ислом карор баровард то аз 40 сола боло ба Каъба нараванд Охир ин хомии фармон дод то чанд бегунохро ба чурми террорист ба зиндон бикашанд.Вафо,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)