Ҷавони тоҷик дар Брянск арӯс меҷӯяд
Як ҷавони 29-солаи тоҷик барои пайдо кардани бахт ба вилояти Брянски Русия рафтааст. Ӯ тавассути як нашрияи маҳаллӣ мехоҳад ҷуфташро пайдо кунад.
Фирдавс Шокиров, як зодаи Тоҷикистон, ки чанд сол қабл ба Русия кӯч бастааст, қасд дорад, бо хонуми русе издивоҷ намояд. Барои ин вай ба рӯзномаи “Десница” муроҷиат кардааст. Ӯ гуфта, дар шаҳри Почеп манзил харидорӣ карда ва мехоҳад ҳамсари ояндааш аз Брянск бошад: “Ман дар бораи духтарони Брянс зиёд шунидаам. Мегӯянд, онҳо хеле бомуҳаббату содиқанд. Маҳз барои чунин як бону ман ба вилоят омадам”.
Ба навиштаи рӯзнома Фирдавс маълумоти олӣ дошта, аз рӯи тахассус омӯзгори забони англисӣ мебошад. Ӯ гуфта, дар Душанбе зода ва ба воя расидааст. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кардаву дар пойтахти Тоҷикистон донишгоҳро ба анҷом расондааст. Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон дӯстдухтар дошт, аммо баъди он ки падарашро маҳбас карданд, хонаводаи духтар аз онҳо рӯ гардонд: “Баъди ин дигар ба духтарони тоҷик нигоҳ накардам”.
Фирдавс гуфтааст, баъди ин воқеа чанд сол қабл ба Русия омад ва нахуст дар Маскав дар яке аз ширкатҳои бонуфуз ба фаъолият пардохт: “Дар наврасӣ орзу доштам ба русдухтар издивоҷ кунам. Ҳоло вақти амалӣ кардани ин орзу расидааст. Нахуст мехостам дар пойтахти Русия издивоҷ кунам, аммо муваффақ нашудам. Бештари онҳое, ки шинос мешудам, мехостанд аз ҳисоби дигарон зиндагӣ кунанд, қисми дигарро тоҷик будани ман метарсонд”.
Ба гуфтаи ӯ, баъдан Брянскро барои зиндагӣ ихтиёр кард ва мехоҳад минбаъд ҳаминҷо ба сар бубарад: “Медонам, ки рӯзномаи шуморо духтарони зиёди хубе мутолиа мекунанд ва бовар дорам миёни онҳо нафаре, ки орзу дорам ҳаст”.
Ин ҷавони тоҷик гуфта, аслан мехоҳад, бонуи орзуҳояш то 28-сола бошад ва агар кӯдак ҳам дорад айбе нест.
Акс аз торнамои province
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |