Нимпайкараи раҳбари кушташудаи “Алфа”-ро 23 феврал насб мекунанд
Нимпайкараи генерал-майор Рустам Амакиев, раҳбари пешини гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар рӯзи артиши миллӣ -- 23 феврал насб мешавад.
Мусо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ гуфтааст, ин нимпайкара дар назди бинои литсейи касбӣ- техникии ноҳия дар баландии 3,5 метр гузошта мешавад. Ба қавли ӯ, ҳоло корҳои тарҳрезии нимпайкара ба итмом расида, бинокорон ба қисми дуюми сохтмон шурӯъ намудаанд. Барои насб кардани нимпайкара мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 100 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст, хабар додааст хабаргузории "Ховар".
Бар илова қарор аст, китоби “Корнамоии безаволи Рустам” низ, ки аз корнамои Амакиев нақл мекунад, ба чоп бирасад. Қаблан, литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ ба номи Рустам Амакиев гузошта шуд. Пайвандони ӯ ба "Озодагон" иттилоъ дода буданд, кӯчаи “Душанбе”-и ноҳияи Восеъ низ, ки марҳум онҷо зиндагӣ мекард, ба номи вай гузошта мешавад.
Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон Рустам Амакиев рӯзи 15 сентябр дар пайи бархӯрд бо гуруҳи генерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода , муовини собиқи вазири мудофиа дар дараи Ромит кушта шуд. Ҷанозаи Амакиев дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба хок супурда шуд. Баъди маргаш бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба Амакиев, ки рутбаи полковникро дошт, унвони генерал-майор дода шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |