Шарҳи Давлатов: Чаро қаблан ба фаъолияти аҳзоби динӣ иҷозат доданду ҳозир не?
Муродулло Давлатов, вакили парлумон ва собиқ раҳбари Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон сабаби додани иҷозат ба фаъолияти аҳзоби динӣ дар Конститутсияи феълиро шарҳ дод.
Давлатов имрӯз, 10-уми феврал зимни ҷаласаи парлумон изҳор дошт, ки агар дар тағйироти қаблӣ ба Конститутсия фаъолияти аҳзоби хусусияти динидошта дар кишвар иҷозат дода намешуд, “инҳо монеи бозгашти гурезаҳо ба Ватан мешуданд”.
Собиқ раҳбари Маркази исломшиносии назди Президент илова намуд, ки феълан мавҷудияти аҳзоби динӣ ваҳдати миллиро вайрон мекунаду барои ифротгароҳо дар кишвар роҳ мекушояд. Ӯ бо зикри гуфтаҳои Қуръон афзуд, ки тибқи шариат низ мавҷудияти аҳзоби динӣ дуруст нест.
Инчунин Акрамшо Фелалиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи парлумон аз тағйирот ба Сарқонун истиқбол кард, ки тибқи он фаъолияти аҳзоби динӣ дар кишвар мамнӯъ хоҳад буд.
Фелалиев изҳор дошт, ки зимни тағйироти қаблӣ ба Сарқонун фаъолияти аҳзоби хусусияти динидошта дар кишвар иҷозат дода шуд: “Лекин ҳизб ба қадри ин тағйирот нарасид”.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ягона ҳизби расмии динӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд, тирамоҳи соли гузашта аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ба далели сарпарастии қасди табаддулоти давлатӣ дар кишвар террористӣ эълон карда шуд.
Тибқи тағйироте, ки феълан Маҷлиси намояндагон ба Конститутсия пешниҳод кардааст, фаъолияти аҳзоби хусусияти динидошта дар кишвар мамнуъ хоҳад буд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санаи раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонунро 22-юми май таъин кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |