Баҳси таъини рӯзи раъйпурсӣ ва ҷазои сангинтари “долларҷаллобон” дар парлумон
Вакилони парлумони Тооҷикистон имрӯз, 10 феврал санаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро баррасӣ мекунанд.
Тибқи тарҳи ироакардаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон рӯзи раъйпурсӣ барои вуруди тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон 22 май пешниҳод шудаст. Таъини санаи раъйпурсӣ дар ҳолест, ки Суди конститутсионии Тоҷикистон тағйироти пешниҳодкардаи парлумонро ҷонибдорӣ карда, афзуд, тағйироте, ки ба моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, хилофи меъёрҳои Сарқонун нестанд.
Дар баробари ин, вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷиноиро баррасӣ мекунанд, ки бар асоси он ҷазо барои мубодилаи ғайриқонунии асъор сангинтар мешавад. Тибқи ин тағйирот, ки ҳукумат онро тасдиқ кардааст, ҷаримабандию муҳлати ҳабс барои мубодилаи ғайриқонунии асъор бештар шуда, мусодираи асъор низ пешбинӣ гардидаст.
Ҷузъиёти бештар аз ҷаласаи парлумон ба зудӣ дар сафҳаи “Озодагон” нашр хоҳад шуд
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |