Бахшҳо
10 фев 2016 08:31Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Шӯрои адлия сабаби фаъол набудани сомонаҳои судҳоро буҳрони молӣ хонд

Шӯрои адлияи Тоҷикистон далели фаъол набудани сомонаҳои интернетии чанде аз додгоҳҳои кишварро ба буҳрони молӣ ва саривақт маблағгузорӣ нашудани ҳаққи хизматрасонии онҳо гуфт.

Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахираш дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон”, ки чаро сомонаҳои бархе додгоҳҳо фаъол нестанд, изҳор дошт, “яке аз сабабҳо муттассифона бо назардошти шароити буҳрони молӣ-иқтисодӣ сари вақт маблағгузорӣ карда нашудани ин сомонаҳо аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ мебошад. Чун ки норасоии маблағ дар соли 2015-ум мутаасифона дар самти таъминоти рушди воситаҳои иттилоотӣ-коммуникатисионии судҳо ба чашм мерасид”.

Ҷаноби Муродзода мегӯяд, баъди аз фаъолият боз мондани бархе сомонаҳои судҳои кишвар, маҷбур шудаанд ба провайдерҳои миллӣ ба тариқи шифоҳӣ муроҷиат намоянд: “Мо муроҷиат намуда, гуфтем, солҳои тулонӣ бо шумо ҳамкорӣ дорем, маблағи муайянеро ҳамасола пардохт мекунем, мо мизоҷи доимии шумо ҳастем ва ягон ҷо гурехта намеравем, маблағ дорем, ин ки ним моҳу як моҳ бо назардошти шароити муайяни низоми молиявии имрӯзаи хазинадорӣ маблағҳо дертар мегузаранд, маънии онро надорад, ки шумо фаъолияти сомонаҳоро қатъ намоед”.

Ӯ дар идома афзуд, дар пайи ин муроҷиат сомонаи Шӯрои адлияро боз карданд, вале сайти додгоҳҳо ҳанӯз фаъол нашуданд: “Корҳо дар ин самт идома доранд. Умуман дар ягон давлати дунё ин хел нест. Мо мизоҷ ҳастем, маблағро доимӣ пардохт карда истодаем, аммо онҳо бо гузашти як ҳафта зуд сомонаро мебанданд”.

Масъулини Шӯрои адлия таъкид намуданд, талош хоҳанд кард, то давоми моҳи ҷорӣ сомонаи тамоми додгоҳҳои кишвар фаъол гарданд.

Қатъи фаъолияти бештари сомонаи додгоҳҳо пардохт нашудани ҳаққи “домен” ва “хостинг” арзёбӣ мешавад. Бино ба иттилои vip.tj, як сомонаи марбут ба пешниҳоди ин хизматрасониҳо, арзиши солонаи "домен-tj" 15 ва "хостинг" аз 150 то 170 долларро ташкил медиҳад.


Дар акс намое аз торнамои Додгоҳи олии Тоҷикистон
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)