Пешниҳод: 10 феврал Рӯзи Акбари бузург номида шавад
Дар маҳфиле, ки 10 феврал ба хотири ёдбуди Акбари Саттор, раҳбари пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Маҷмааи табъу нашри “Шарқи Озод” баргузор шуд, пешниҳод гардид, ҳамасола имрӯз ҳамчун “Рӯзи Акбари бузург” таҷлил шавад.
Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи СССР, ки дар ин маҳфил китоби “Акбари бузург”-ро муаррифӣ кард, бо зикри хидматҳои бузурги Акбари Саттор дар наҷоти матбуоти миллӣ пешниҳод кард, ҳамасола 10 феврал, дар ҷомеаи журналистӣ ҳамчун “Рӯзи Акбари бузург” ҷашн гирифта шавад.
Муҳаммади Эгамзод, як масъули Вазорати умури хориҷӣ Акбари Сатторро аз муаллифони идеяи таъсиси расонаҳои тоҷикӣ дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик унвон кард.
Китоби “Акбари бузург” мақолаҳову ёддоштҳои дӯстону ҳамкорон ва ҳамсабақони Акбари Сатторро гирди ҳам овардааст. Мубтакирони нашри китоб гуфтанд, он дар оянда такмил хоҳад шуд ва аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи раиси пешини Иттифоқи журналистон хотироте доранд, даъват шуд, онро навиштаву пешниҳод созанд.
Сайёфи Мизроб ҳамчунин хостори таъсиси ҷоизае ба номи Акбари Саттор барои журналистони тоҷик шуд.
Акбари Саттор рӯзи 28 август дар сини 50-солагӣ даргузашт. Ӯ 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун" буд, ки 5 нашрия тобеи он аст.
Баъди даргузашти ӯ мактаби таҳсилоти миёнаи №25-и деҳаи Мортеппаи Ҳисор ба номи Акбари Саттор гузошта шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |