Мусодираи наздики 4,5 кило “ҳероин” аз оғили сокини 39-солаи Фархор
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 39-солаи ноҳияи Фархор бо иттиҳоми гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ин мард рӯзи гузашта, 8 феврал дар пайи анҷоми чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст: “Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шахсии гумонбаршуда тамғаи “Опел-Астра”, дар дохили борхалтаи селофание 12 килою 970 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” ва 14 килою 200 грамм “афюн” дарёфт ва мусодира карда шуд”.
ВУД мегӯяд, ҳангоми азназаргузаронии оғилхонаи сохтмонаш нотамоми марбут ба боздоштшуда, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин 4 килою 460 грамм маводи сахттаъсири “ҳероин” мусодира гардид: “Ҷамъи маводи нашъадори дарёфтшуда 31 килою 630 граммро ташкил медиҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |