Убайдуллоев хост, Боғи нави ҳайвонот бо усули “сафари” сохта шавад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар қатори бандҳои нақшаи генералии пойтахт, ки бояд тайи се соли наздик амалӣ гарданд, кӯчондани Боғи ҳайвоноти пойтахтро зикр кардаст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев 8 феврал зимни ҷаласаи мақомоти Душанбе таъкид намудааст, ки Боғи ҳайвоноти пойтахт ба қисмати шарқии шаҳр кӯчонда шавад. Ӯ дастур додааст, ки Боғи нави ҳайвонот бо усули “сафари” бунёд гардад.
Қаблан Қудратулло Файзуллоев, сармеъмори шаҳри Душанбе изҳор дошта буд, ки барои Боғи нави ҳайвонот дар ҳудуди хоҷагии ҷангали Камчин 25 гектар замин ҷудо шудааст, ки он на дар Боғи Ғалаба, балки дар қисмати шимолу шарқии минтақаи Боғи Ғалаба ҷойгир мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |