Як омӯзгори мактаби миёнаи пойтахт бо ҷурми қаллобӣ аз сӯи кормандони милиса мавриди боздошт қарор гирифт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, дар ин бора аризаи шаҳрванд Гуламадшоева Ш, сокини кӯчаи Ушаков ворид гардидааст. Номбурда гуфтааст: «Рӯзи 10-уми август шахсе бо номи Елена Серёгина, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад, хонаи 26, ҳуҷраи 24 ба бовариам даромада, аз ман маблағи пулиро ба миқдори 2800 доллар гирифт. Ӯ ваъда кард, ки пас аз ташхис бо ин пул як гурдаашро ба манн медиҳад, аммо се моҳ боз ғайб задааст».
Аснои боздошт маълум гардид, ки Елена Серёгина муаллимаи мактаби рақами 24-и ноҳияи Фирдавсӣ будааст. Алъон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр