“Истиқлол”-и Душанбе бо “Виттлих”-и Олмон қувва меозмояд
Шоми имрӯз тими “Истиқлол”-и Душанбе бо дастаи “Виттлих”-и Олмон рақобат мекунад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ин бозӣ соати 20:00 ба вақти Тоҷикистон (17:00 ба вақти Туркия) дар майдони меҳмонсарои “Мардон Палас” шурӯъ мегардад.
Дидори “Истиқлол” бо тими Олмон дар чорчӯби тамринҳояш дар Туркия анҷом шуд. Ин сеюмин бозии дӯстонаи қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар Туркия мебошад. Қаблан, футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:3 аз “Варде”-и Маҷористон шикаст хӯрда, бозиро бо “Тараз”-и Қазоқистон мусовӣ – 2:2 карданд. Қарор аст, рӯзи 12 феврал дар Анталия “Истиқлол” ба муқобили “Шахтер”-и Қазоқистон ба майдон барояд.
Тамринҳои дастаи “Истиқлол” дар туркия давраи омодагӣ ба мавсими нави футбол дар кишвар гуфта мешавад. 23 феврал “Истиқлол” дар чорчуби даври гуруҳии Ҷоми АФК бо “Ал-Файсал”-и Урдун қувва меозмояд. Ин дидор соати 16:00 дар варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |