Ҳабси тоҷикону қирғизҳо... барои қасди террор дар Маскаву Петербург
Додгоҳи ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Екатеринбург қарори ҳабси пешакии 7 узви созмони террористии “Давлати исломӣ”-ро содир кардааст, ки асосан шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд.
Тибқи иттилои мақомоти амнияти федералии Русия аъзои созмони террористии “Давлати исломӣ” 8 феврал дар хонаи иҷораашон дар Екатеринбург боздошт гардида, дар омодасозии ҳамлаҳои террористӣ дар Маскав, Санкт Петербург ва вилояти Свердлов муттаҳам мешаванд. Ба иттилои манбаъ зимни бозкобӣ аз боздоштшудагон силоҳ, маводи тарканда ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт шудаст.
Мақомоти амниятӣ мегӯянд, яке аз муттаҳамон шаҳрванди Русия буда, гуруҳро шаҳрванди Туркия роҳбарӣ мекардаст.
Додгоҳ қарори ҳабси 2-моҳаи боздоштшудагонро содир намуда, феълан таҳқиқи қазия идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |