Футболбози турк “бо далелҳои сиёсӣ” Русияро тарк кардааст
Сардор Таски, ҳимоятгари тими “Спартак”-и Маскав бо далелҳои сиёсӣ ин дастаро тарк кардааст. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба агенти ӯ, Аҳмад Булут хабар додаанд.
Булут гуфтааст, Сардор як шахси фавқуллода ватандӯст аст ва дар пайи сард шудани муносиботи Маскаву Анқара тасмим гирифт, аз Русия биравад. Ба қавли ӯ, косаи сабри ин футболбоз баъди аз ҷониби мухлисони “Спартак” сӯзондани байрақи Туркия дар яке аз дидорҳо лабрез шудааст. Ҳоло Сардор Таски дар ҳайати “Бавария”-и Олмон бозӣ мекунад.
Муносибати ду кишвар баъди он ба сардӣ гаравид, ки неруҳои ҳавоии Туркия ҳавопаймоии СУ-24-и Русияро ҳадаф қарор доданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |