Нигаронии Э.Раҳмон аз нархи сабзӣ ва барканории раиси “Саховат”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон нархи сабзиро, ки дар Душанбе як килои он ба ивази 1 сомонӣ фурӯхта мешавад, қимат хондаст.
Тибқи иттилоияи расмӣ, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардааст, ҳосили сабзии тирамоҳӣ дар Тоҷикистон хеле фаровон шудааст, вале тоҷирону миёнаравҳо 3-4 килои онро аз замин бо нархи яклухти 1 сомонӣ мехаранду дар бозорҳои пойтахт ҳар килои онро ба ивази 1 сомонӣ мефурӯшанд. Дар иттилоия таъкид шудааст, “ин ҳолат тайи рӯзҳои охир мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт”.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи нигаронии Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, бо имзои як қарор раиси бозори “Саховат” Давлаҳмад Саидовро аз мақомаш барканор карда, ба роҳбарони дигар бозорҳо огоҳӣ додаст.
Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз, 8 феврал баргузор гардидаст, ба таъмини фаровонию арзонии маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишвар, аз ҷумла дар вилояти Бадахшон ва ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаст. Раисиҷумҳур таъкид намудаст, ки барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба зиндагии рӯзмарраи мардум тамоми имкону захираҳо бояд фаровон истифода шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |