Прокурор: Дар қазияи бародари А.Ғоиб нафарони дигар ҳам ҳастанд
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Наҷмиддин Саидов -- раиси намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон феълан идома дорад.
Ҷамшед Мирзохонзода, сардори раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз, 8 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, парванда бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи Наҷмиддин Саидов ба додситонӣ ворид гардидаст. Мирзохонзода илова намуд, дар ин қазия чанд нафари дигар ҳам ҳастанд, ки парвандаҳояшон вориди додситонӣ шудаанд. Додситонӣ шахсияти муттаҳамони дигари ин парвандаро ифшо накард ва афзуд, феълан тафтишот идома дорад.
Қаблан расонаҳо, иттилоъ иттилоъ доданд, Наҷмиддин Саидов, ки моҳи октябри соли гузашта ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт гардид, бо пардохти 5 ҳазор нишондиҳанда, муодили 200 ҳазор сомонӣ, бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз боздошт раҳо шудааст. Тибқи иттилои нашршуда Наҷмиддин Саидов барои таъини як шаҳрванд ба мақоми раиси гумрук дар Суғд 600 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани қисме аз ин маблағ боздошт шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |