Додситонӣ мансабдоронро дар фурӯши амвол ба Кабирию Назарзода айбдор хонд

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи 151 миллион сомонӣ мулу мулкро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд.
Сафаралӣ Мирзозода, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон имрӯз, 8 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, алайҳи амволи Кабирию Назарзода аризаҳои даъвогиро дарёфт кардаанд: “Аризаҳои даъвогӣ барои рӯёндани молу мулк ба маблағи 7 миллион сомонӣ ворид гардидаанд”.
Сарпрокурори ҳарбӣ дар фурӯши ғайриқонунии амволи давлатӣ ба Назарзодаю Кабирӣ мансабдоронро низ гунаҳкор хонда, афзуд, дар бархе ҳолатҳо вақти хусусигардонӣ дар мақомот ҳам қонуншиканӣ сурат гирифтааст: "Вобаста ба он ки аз пеш чаро зери назорат нагирифтанд ва чаро баъд ошкор карда шуд? Дар ҳақиқат ҳаст ҳолатҳое, ки ғайриқонунӣ амавол аз тарафи мақомот ба моликияти шахсӣ гузаронида шудаанд ва аъзои дастаи террористӣ аз ин сӯиистифода карданд. Тафтишоти пешакӣ қарорҳои ғайриқонуниро ошкор кард ва онҳо бекор карда шуданд”.
Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ки масъули идора ва хусусигардонии амволи давлатӣ дар кишвар мебошад, 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки дар мавриди амволи ғайриқонунӣ хусусикардаи Назарзода ва Кабирӣ феълан тафтишот идома дорад ва "мо ахбори иловагӣ надорем".
Қодири Қосим афзуд, ки баъди ба моликияти давлат ворид намудани амволи ғайриқонунии ин афрод, масъулини Кумита барои истифодабарии минбаъдаи он чораандешӣ хоҳанд кард.
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 2 феврал иттилоъ дод, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи кишвар даҳҳо амволи давлатиро ғайриқонунӣ хусусӣ кардаанд.
Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод дар 12 биною иншооти хусусигардонидаи Абдуҳалим Назарзода ва наздикони ӯ санҷиши дурустию асоснокии хусусигардонии амволи давлатӣ гузаронида шуда истодааст: “Танҳо дар 8 иншоот муайян гардид, ки ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ ва ҷалби қарзҳои бонкӣ бо роҳи сохтакорӣ ба давлат 5,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст”.
Дар мавриди амволи Муҳиддин Кабирӣ масъулини Оҷонсӣ изҳор доштанд, ки гуруҳи фаврӣ - тафтишотӣ 42 биноҳои маъмурию манзилҳои истиқоматӣ ва 70 номгӯи молу амволи дигари ӯ ва наздиконашро ошкор гардидааст. Оҷонсӣ мегӯяд, Кабирӣ низ даҳҳо амволро ғайриқонунӣ аз худ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |