Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли 2015 дар маҷмуъ 120 шаҳрванди кишварро аз муҳорибаҳои хориҷӣ ба Ватан бозпас гардондаанд.
Муҳаммадиброҳим Осимзода, имрӯз, 8 феврал, зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки миёни шаҳрвандони баргашта, иштирокчиёни ҷангҳои хориҷӣ, аъзои оилаи онҳо ва афроде мебошанд, ки дар роҳ ба муҳорибаҳои хориҷӣ қарор доштанд: “Аз ҷумла 78 нафарашон иштирокчӣ ё сафарбаршудаҳо ва 42 нафарашон аъзои хонаводаи онҳо мебошанд”.
Қаблан додситони кулли Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки харҷи бозгашти шаҳрвандон аз ҷангҳои хориҷӣ аз буҷаи давлат пардохт мешавад.
Аввали соли равон Вазорати умури дохилии Тоҷикистон теъдоди тоҷикистониёнеро, ки ба сафи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд, 992 нафар арзёбӣ намуд.
Мӯҳр