Бахшҳо

Омбудсмен: Аз ҳоли Зарафо Раҳмонӣ хабар гирифтем

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, аз вазъи нигоҳдории Зарафо Раҳмонӣ, масъули боздоштшудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ хабар гирифтаанд.

Ҷаноби Ализода имрӯз, 8 феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе изҳор дошт, дар бораи вазъи бади саломатии хонум Раҳмонӣ дар боздоштгоҳ аз расонаҳо огоҳӣ ёфта, муайян намудаанд, ки вазъаш хуб аст. Омбудсмени тоҷик афзуд, муассисаҳои ислоҳӣ бахшҳои тиббии худро доранд ва барои интиқоли боздоштшудаҳо ба ҷойи дигар ё беморхона хулосаи табибони ин муассисаҳо зарур аст. Ализода илова намуд, як масъули ниҳоди тобеаш пайваста аз вазъи маҳбусону боздоштшудаҳо хабар гирифта, бо ниҳодҳои дахлдор дар ин масъала ҳамкорӣ мекунад.

Қаблан Гулдаста Хоҷаева, хоҳари Зарафо Раҳмонӣ аз вазъи бади саломатии боздоштшуда хабар дода, иддаои мақомот ва вакили мудофеъро дар бораи саломатии хуби Зарафо шубҳаовар хонд: “Агар саломатии Зарафо хуб бошад, пас, чаро ман ҳар ҳафта як халтаӣ дору барои ӯ мебарам?”

Бино ба хабарҳои расида, Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноятӣ айб эълон кардааст. Хонум Раҳмонӣ тибқи моддаи 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва моддаи 189 қисми 3 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ) муттаҳам мешавад.

Зарафо Раҳмонӣ ҳамроҳ бо 12 тан аз фаъолони дигари ҲНИТ баъд аз исёни муовини собиқи вазири мудофиа – Абдуҳалим Назарзода ё “Ҳоҷи Ҳалим” боздошт шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон аввалҳои моҳи октябри соли равон гуфт, алайҳи дастгиршудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)